Муаллиф: Suxrob Abidov
Омодагӣ ба IELTS чанд вақт мегирад?
Баъзе хонандагон ду моҳ пеш аз имтиҳон омада, мӯъҷиза интизор мешаванд. Дар бораи муҳлати воқеии омодагӣ.

Бисёр хонандагон вақте меоянд, ки то имтиҳон ду моҳ ё камтар мондааст ва аз омӯзгор кафолати холли баланд мехоҳанд. Забон бо чунин кафолати зуд кор намекунад.
Муҳлати воқеӣ аз сатҳи ибтидоии шумо вобаста аст. Масалан, аз B1 то IELTS 6.5–7.0 одатан чанд моҳи машқи системавӣ, ислоҳи камбудиҳои забонӣ ва омӯзиши формати имтиҳон лозим мешавад.
Мунтазамӣ омили асосӣ аст. Ҳар рӯз каме, вале пайваста машқ кардан аз як маротиба дар як ҳафта чанд соат нишастан самараноктар мебошад. Вақтро байни чор малака дуруст тақсим кунед.
Хулоса: барвақт оғоз кунед, ҳадафи воқеӣ гузоред ва бо омӯзгоре кор кунед, ки самти дуруст медиҳад. Пешрафт аз нақша, feedback ва давомнокӣ пайдо мешавад.



